ош

ош
[آش]
1. хӯроки пухта, таом, хӯроки гарм
2. палав; оши дампухт оши палаве, ки бо алави паст пухта шудааст; оши кавар маҷ. оши мурда; оши кашк оши суюқе, ки бо ярма, ҷав ё ҷуворӣ пухта ҷурғот ё қурут (кашк) ҳамроҳ мекунанд; оши кӯҳнадам палаве, ки аз заруриаш бисёр дам хӯрдааст; оши ланҷ палаве, ки бисёр дам хӯрда, биринҷаш аз меъёр мулоимтар шудааст; оши маслиҳат зиёфате, ки барои маслиҳатгирӣ аз наздикони худ ороста мешавад (пеш аз тӯй ё маъракаи дигар); оши палав палав; оши сол оши хайроте, ки сари соли вафоти касе дода мешавад; оши софӣ палавест, ки биринҷи он алоҳида дар об ҷӯшонида соф карда гирифта мешавад ва пас ба болои он равғани зард рехта дам мекунанд ва гӯшти он низ алоҳида пухта мешавад; оши явғон хӯроки бегушт; оши ҳалолхӯр киноя аз чӯпон; оши ҳарифона оше, ки бо навбат бо харҷи яке аз иштирокдорони нишасти ҳарифона пухта мешавад, оши бо харҷи шарикона пухташуда; оши ҷуворӣ ниг. оши кашк; ош додан хайрот кардан; оши касеро додан оши соли касеро додан, ба муносибати сари соли касе хайрот додан; ош(ро) дам кардан ошро буғ додан; ош кардан а) ош пухтан, палав пухтан; б) киноя аз ҳазм кардан, аз худ кардан; ош кашидан оши пухташударо аз дег ба табақ гирифтан; ошу нон додан ба касе хӯрондан, ғизо додан, сер кардан, касеро бо хӯроки рӯзмарра таъмин кардан; ошу об кардан меҳмондорӣ кардан, зиёфат додан; ош пухтан палав пухтан; ошро обу равған кардан зирбаки оши палавро тайёр кардан; ош шавад! нӯши ҷон бод!, ҳазм шавад!, ба оши касе магас афтидан ба кори касе халал расидан; оши касе ба касе напухтан бо ҳам созгор набудан, муросо ва тавофуқ карда натавонистан ба ҳамдигар
◊ ба ҳар ош қайла, ба ҳар коса ҷазза шудан ниг. ба ҳар ош қошуқ шудан; ба ҳар ош қошуқ (қатиқ) шудан ба ҳар кори ба худ дахлдор ё бедахл ҳамроҳ шудан; ҳамон ош, ҳамон коса ҳама чиз мисли пештара, бе тағйир; ба оши тайёр бакавул толиби чизи муфт, чизи бе дарди миён ба даст омадаро аз худ кардан, тайёрхӯр; айб дар ош ё дар мош? кӣ айбдор? (вақти номаълум будани айбдори коре мегӯянд); оши бибихон яке аз маросимҳои динӣ, ки занон барпо мекунанд, монанди бибисешанбе
3. даббоғӣ; ош додани пӯст бо усули махсусе даббоғӣ кардани пӯсти хом
4. нидои ом(м), ки ҳангоми сурфа кардани касе бар пушти ӯ меҳрубонона зада, ин калимаро баён мекунанд; зоҳиран маънои «ҳалолат бод», «гулӯятро нагирад»-ро дорад

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Нужна курсовая?
Синонимы:

Полезное



Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»